НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Данғара сохтмони 5 муассисаи томактабӣ оғоз мегардад

Февраль 6, 2025 16:39

ДАНҒАРА, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар ноҳияи Данғара 10 муассисаи таълимӣ ва 3 муассисаи томактабӣ ба истифода дода шуд. Дар айни замон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ сохтмони 2 кӯдакистон дар деҳот ва 3 кӯдакистони дигар дар маркази ноҳия идома дорад. Дар ояндаи наздик дар ноҳия сохтмони 5 муассисаи томактабии дигар оғоз мешавад. Фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар ноҳия 17 фоизро ташкил дода, дар мавриди ба истифода додани кӯдакистонҳои дигар ин нишондиҳанда боз ҳам баланд мегардад. Дар ин хусус 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода иттилоъ дод.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки соли 2024 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 2327 шаҳрванди бекор муроҷиат намуд. Аз инҳо 1541 нафар дар асоси роҳхат дар ташкилоту муассисаҳо бо ҷойи кор таъмин гардид.

Ҳамчунин зимни баргузории 14 ярмаркаи ҷойи кор 250 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад