НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо 35 донишгоҳи хориҷи дуру наздик ҳамкорӣ менамояд

Февраль 6, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ҳоло бо 35 донишгоҳи хориҷи дуру наздик ҳамкорӣ дорад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Амир Иброҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки бо Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи робитаҳои ҷамъиятии Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон, Сафоратхона ва ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ташкилоти  байналмилалии сершумор, аз ҷумла ТИКА, ACCELS, IREX, DAAD, GIZ, ACTED ва ғайра робитаи ҳамкорӣ барқарор намояд.

«Барои ҷалби донишҷӯён аз давлатҳои хориҷӣ ба донишкада мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Ин аст, ки дар айни замон дар донишкада 46 донишҷӯ аз Узбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Русия таҳсил менамоянд», -гуфт ректори донишкада.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд