НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид

Февраль 6, 2025 16:17

ДУШАНБЕ, 06.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштӣ, ки 50 соли охир аз таъмир бароварда нашуда буд, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо дарозии 4,6 км ва паҳноии 8 метр пурра таъмиру навсозӣ гардида, бо сифати баланд асфалтпӯш карда шуд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Сафарзода.

Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохтмони 109 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Аз ҷумла, бунёди 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 8840 ҷойи нишаст, сохтмони 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 ҷой, бунёду навсозии 23 коргоҳу корхонаи саноатӣ ва воридоти хати нави истеҳсолӣ, марказҳои замонавии савдою хизматрасонӣ ва бунёди 5 гулгашт пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин бо инобати чорабиниҳои ғайринақшавӣ сохтмони 187 бинои баландошёна идома дорад»,-гуфт Дилшод Сафарзода.

-Аз 1182 чорабинии давоми 5 сол пешбинишуда, то ин давра 684 чорабинӣ амалӣ карда шуд, ки 58,0 фоизи нақшаи панҷсоларо ташкил менамояд. Дар вобастагӣ ба ин ҷашни бузург зиёда аз 21 иншооти таъйиноти гуногун мавриди ифтитоҳ ва истифода қарор гирифт. Дар баробари ин дар ин давра 15 иншооти ғайринақшавӣ ба истифода дода шуд, -таъкид гардид дар нишаст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд