Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2025:
— ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 дарсад зиёд карда шавад;
— маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;
— андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 744 сомонӣ муқаррар карда шавад;
— андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1345 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1255 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1390 сомонӣ муқаррар карда шавад;
— стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шаванд;
— маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад;
— маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1668 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1500 сомонӣ муқаррар карда шавад;
— андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1500 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шавад;
— нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 дарсад зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
— амалишавии фармони мазкурро дар соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
— дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;
— ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигар ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
8 феврали соли 2025
№962








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд






