Рӯзи таъсисии Қувваҳои Мусаллаҳро дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҷлил намуданд

ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Артиши миллӣ — сипари боэътимоди Ватан»-таҳти ин унвон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсиси Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад.
Имрӯз Артиши миллии мо бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин буда, ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ давоми ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиши миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат иброз намудаанд, ки «аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит намудааст».
«Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат хизмати ҷавонмардонаи афсарону сарбозонеро, ки дар рӯзҳои мудҳиштарини ба сари миллатамон омада ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи онҳоеро, ки барои оромии ҷумҳурӣ ва осоиши халқ ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд»,-иброз гардид дар ҳамоиш.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон