Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ вохӯрӣ намуд

Февраль 28, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо Роҳбари ҳайати Созмони ҳамкории Шанхай Пяо Ян Фан, Раиси Шурои Олии интихоботии Туркия Енер Аҳмет ва Раиси Комиссияи марказии интихоботи Беларус Игор Карпенко, ки ба сифати мушоҳиди байналмилалӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот ва гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди ҳамкорӣ дар байни ин давлатҳо иброз намуданд, ки сафари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои манфиатбахши мақомоти интихоботии кишварҳо марҳалаи навро оғоз бахшида, барои афзудани муносибатҳои ҳасана ва дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ роҳро ҳамвор хоҳад кард.

Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо таъкид гардид, ки иштироки теъдоди зиёди мушоҳидони байналмилалӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели нуфузи эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба низоми интихоботи мамлакат буда, барои табодули таҷриба заминаи муносиб фароҳам меорад.

Тарафҳо изҳор доштанд, ки густариш ва таҳкими ҳамкории мутақобили судманд дар масири интихобот барои ҳамаи ҷонибҳо аҳаммияти хос дошта, барои пешбурди робитаҳои тарафайн имконияти нав муҳайё менамояд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 28, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд