Раванди интихоботро 157 нафар мушоҳидон аз миссияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назорат менамоянд

Февраль 26, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо муовини якуми Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Анфимов, ки миссияи мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни ин масъала табодули назар намуданд.

Таъкид гардид, ки 157 нафар мушоҳидон аз миссияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба қайд гирифта шуда, ҳайати дарозмуҳлат аз 8 феврали соли 2025 тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти озоду шаффофи худро барои мониторинги омодагӣ ба интихобот ба роҳ мондааст.

Ҳайат бо роҳбарияти Комиссияи марказӣ масъалаҳои ташвиқоти пешазинтихоботиро баррасӣ намуд, бо ситоди пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ вохӯриҳо гузаронид, ҳамчунин бо вазъи омодагии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот ба интихоботи дарпешистода дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ шинос гардид.

Чунонки аз ҳисоботи миёнадаврии ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бармеояд, маъракаи таблиғотӣ ба таври муътадил, бе амалҳои вайрон кардани қонунгузории интихобот идома дошта, тавассути воситаҳои ахбори омма инъикоси ҳамаҷонибаи раванди ташвиқоти пешазинтихоботӣ таъмин карда шудааст.

Роҳбарияти Комиссияи марказӣ ва ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифтаанд, ки ҳамкории пурсамар ҳамаҷониба идома дода шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 26, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба интихобкунандагон муаррифӣ карда шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар рӯзи интихобот бояд кадом ҳуҷҷатро бо худ дошт?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштироки шаҳрвандон дар раванди интихобот ифодагари фарҳанги баланди сиёсии онҳо мебошад
Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 вохӯрӣ намуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Ишкошим 8 ҳавзаи вилоятӣ, 10 ҳавзаи ноҳиявӣ ва 127 ҳавзаи ҷамоатӣ ташкил карда шудааст
Ҳавза ва участкаҳои интихоботии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои дар сатҳи баланд доир намудани интихобот омодаанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вазъи ҳуқуқии низоми интихоботӣ дар ҷамоатҳои ҷумҳуриро қонунгузорӣ чӣ тавр муқаррар намудааст?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи интихоб кардан доранд?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандон барои овоз додан бояд ба участкаи интихоботи маҳалли зисташон раванд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ муаррифӣ шуданд
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи интихобот дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи интихоб кардан доранд?