«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Исфара даври шаҳрии фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Февраль 9, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Дар фестивал занону духтарон ва ҳунармандони шаҳр либосҳои қадимии чакан, либосҳои кӯдакона, рӯзмарра, маросимӣ, идона, расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзиро ба намоиш гузоштанд.

Иброз гардид, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати либоси миллӣ, ба таври васеъ намоиш додани дӯхти либосҳои миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардани санъату ҳунари волои халқи тоҷик гузаронида мешавад.

Бо иқдоми наҷиби дурбинонаю ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинаи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон расман ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки ин ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикос ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодонашон дар матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқияти қадим маъруфу машҳур буд.

Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои охир ин фестивал дар тамоми қаламрави мамлакат доир гардида, ба дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Февраль 9, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид