Шоири ғазалсарои тоҷик Ҳофизи Шерозӣ дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми шоиста дорад

Февраль 22, 2025 08:28

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Коллеҷи тиббии ба номи Юсуф Исҳоқии шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 700 — солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи Ҳофиз дар адабиёти тоҷику форс» конференсияи илмӣ — назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар конференсия муҳаққиқону пажуҳишгарони риштаи забон ва адабиёт аз ҷойгоҳи Ҳофизи Шерозӣ дар назми тоҷику форс сухан намуданд. Иброз гардид, ки дар адабиёти классикии тоҷику форс ҳар шоир бо маҳорату ҳунари сухангустарии худ ҷойгоҳи хосса дорад. Хоҷа Шамсуддин Ҳофизи Шерозӣ яке аз шоирони нобиға ба шумор рафта, дар сархати соҳибдевонҳои машҳуру мондагори адабиёт қарор дорад.

Ҳофиз бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик буда, дар таърихи адабиёти тоҷику форс мақоми баланд дорад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, Афғонистон ва Осиёи Миёна шуҳрат пайдо намуда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст.

Аҳамияти каломи шӯрангези Ҳофиз ва сирри шуҳрати шоири бузург дар ин аст, ки маънӣ ва мазмунҳои баланди назарӣ, панду ҳикматро бо суханҳои ширин баён намуда, ба ҳар мавзуъ аз равзанаи ишқ менигарад.

Ҳофизи Шерозӣ дар эҷоди шеър ба монанди як наққоши моҳир ҳар маъниро бо рангҳои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ- шоири немиси асри XIX Гёте андешаҳои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илҳомбахш пас аз ошноӣ пайдо намуданаш бо эҷодиёти Ҳофиз навиштааст: «Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғоз ва анҷом нест. Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метаровад».

Соли 2025 дар тамоми дунё 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мегардад. Дар Тоҷикистон низ бо дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама муассисаҳои илмию пажуҳишӣ 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мешавад.

Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни ҷаҳон дохил шуда, ӯ ҳамчун яке аз бузургтарин шоири лирики беназир шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҳофиз ва шахсияти ин сухансарои номӣ диққати бисёр бузургони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.

Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези ғазалиёти Ҳофиз баҳравар шудаанд ва дар ситоишу васфи каломи шӯрангези ӯ таассуроти хешро баён кардаанд.

Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Ҳофизро тақлид намуда, аз ашъори дилнишини ӯ баҳра бурдаанд. Ба ҳамин тариқ, шуҳрати Ҳофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарқу Ғарб паҳн гардида, дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми арҷманде гирифтааст. Яъне Ҳофиз яке аз он шоироне аст, ки хусусияти бисёр нозук ва латифи забони дариро медонист. Дар тараққӣ ва ҳусну латофати ин забон хизматҳои тақдиршавандае намудааст ва дар ашъори ӯ садҳо таркиб ва ибораҳои нав вомехӯранд.

Имрӯз низ каломи шӯрангезу ашъори диловези Ҳофизи Шерозӣ дили ҳазорон шӯридагону ошиқони сухани зеборо тасхир намуда, барои ҳамешагӣ симои ӯро дар дилу дидаи дилбохтагон ва ҳаводоронаш зинда медорад.

«Дар тамоми олам Ҳофизи Шерозӣ аз маҳбубтарин шоирон ба шумор меравад ва мардум ашъори дилнавози ӯро бо шавқу завқи бепоён мехонанд. Ӯ шоирест, ки навъи лирика, яъне ғазалро ба дараҷаи олии такомул расонида, ба он мазмунҳои тоза ворид намудааст», — иброз гардид дар ҷамъомад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд