СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад

Февраль 19, 2025 11:45

ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29-31 майи соли равон дар Тоҷикистон аввалин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мегардад.

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 қатънома дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул намуд. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати аъзои ин созмон ҷонибдорӣ намуд.

Вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва моҳияти асосии он директори филиали Агентии амнияти  химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хурсанд Илолов чунин иброз доштааст:

Пирях – тӯдаи яхҳои табиии рӯизаминии солҳои сол аз бориши барф замшуда аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад.

Пиряхҳо сарвати гаронбаҳои манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ на танҳо барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, балки барои аҳолии тамоми сайёра ба ҳисоб мераванд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи муҳити зист ва муҳофизати пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардид.

Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ бо ҷонибдории зиёд қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд.

Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди оби тоза чандин сол боз дар мамлакатҳои зиёд амалӣ мешаванд, ки дар ҳифзи табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити сайёра саҳми беандоза муҳим доранд.

Ташаббуси Тоҷикистон дар самти муҳофизати пиряхҳо ҳам аҳамияти калонеро соҳиб аст, зеро Тоҷикистон дорои беш аз ёздаҳ ҳазор пирях мебошад. Солҳои охир гармшавии ҳарорати сайёра сабаби обшавии босуръат ва дар ин замина азбайнравии ин пиряхҳо, ки манбаи асосии на танҳо оби тозаи ошомиданӣ, балки об ҳам барои соҳаи кишоварзӣ ва ҳам саноат, мисли гидроэнергетика мебошанд, гардидааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ Парки миллӣ таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз он,  пеш аз ҳама, ҳифзи муҳит мебошад.

Табиати зебою дилоро, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва тамошои манзараҳои нотакрори ноҳияи баландкӯҳ кайҳо боз диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудаанд. Масалан, деҳаи Пойи Мазор дар домони кӯҳсор, дар назди пиряхи овозадори Ванҷях (Федченко) ҷойгир аст. Бино ба маълумоти охирин, Ванҷях калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ мебошад, ки ба китоби «Рекордҳои Замин» ворид шудааст. Дарозии пирях 77 км, ғафсияш аз 700 то 1000 метр ва паҳноияш ба ҳисоби миёна 1,8 ҳазор метр арзёбӣ мешавад.

Бори нахуст олимони табиатшиноси сатҳи ҷаҳонӣ ба ин ҷо охирҳои асри 19 омада, дар бораи Ванҷи боло маълумот додаанд. Масалан, энтомолог (ҳашаротшинос)-и рус Василий Ошанин соли 1878 дар бораи пиряхи Федченко маълумот додааст. Ӯ ба воситаи забонаи пирях, ки аз он маҷрои калони об ҷорӣ мешуд, пиряхи Федченкоро кашф намуд ва онро ба номи сайёҳи машҳур Алексей Федченко гузошт. Алексей Федченко ҳамагӣ 5 сол пеш ба ин минтақа омада буд, вале кашфи пирях ба ӯ муяссар нашуд, зеро ӯ баъди кашфи қуллаи Ленин роҳи бозгаштро пеш гирифт. Он вақт ин тарафи маҳалро Селдара ном мебурданд ва зимистон аз хунукию сербарфӣ ва дар фасли гармо аз серобӣ касе ҷуръати сафар ба ин тарафҳоро намекард. Алексей Федченко дар ин сафар то ҳамин ҷо омада, баргашт ва ин сафари охирини ӯ ба ин минтақа шуд. Федченкои 28-сола, ҳангоме ки барои саёҳати навбатӣ ба Помир омодагӣ медид, дар кӯҳҳои Алпи Швейсария, дар пиряхи Кол-дю –Жеан бар асари  номусоидии обу ҳаво ҳалок шуд. Василий Ошанин аз азми Федченко доир ба сафари навбатӣ ба Помир дарак дошт. Бинобар ин раво донист пиряхи навкашфкардааш ба номи Федченко гузошта шавад. Дар бораи саёҳати сайёҳони русу аврупоӣ ба ин тарафҳо Павел Лукнитский дар китобаш «Саёҳат дар Помир», ки нашриёти «Молодая гвардия» (Москва) соли 1955 ба табъ расонидааст, ҳикоятҳои ҷолиб овардааст. Худи Павел Лукнитский соли 1928 ба ин тарафҳо омада буд.

Деҳа аз он ҷиҳат ҳам ҷолибу машҳур аст, ки дар ин ҷо пиряхи Хирсон доман густурдааст. Он яке аз пиряхҳои серҳаракаттарин ва хавфноктарин маҳсуб мешавад. Бори аввал мутахассисон ҳаракати пиряхи Хирсонро соли 1962 мушоҳида карданд, ки дар як шабонарӯз 50 метрро ташкил медод. Соли 1963 суръати ҳаракати пирях батадриҷ рӯ ба афзоиш ниҳод ва хатари ҷиддӣ пеш овард. Хушбахтона, пиряхи Хирсон ба кӯҳи тарафи муқобил бархӯрда, аз ин ба мардуми деҳаю ноҳия осебе нарасид. Вале дар натиҷаи бархӯрди пирях ба кӯҳи тарафи муқобил сарбанди мустаҳками яхине эҷод шуд, ки оқибати ваҳмангез ба бор овард. Таҳқиқотчиён муайян намуданд, ки Хирсон солҳои 1914, 1937,1951, 1963, 1973, 1989 ва 2002 ҳаракат намуда, пеши дарёи Ванҷобро бастааст ва ҳар бор хисороти зиёде боқӣ гузоштааст.

Пиряхҳои Кашолаях ва Ғармо низ дар ин мавзеъ ҷой доранд. Дар умум ин силсилапиряхҳо захираи калони обиро ташкил медиҳанд. Вале тавре мутахассисони соҳа таъкид менамоянд, солҳои охир камшавии масоҳати пиряхҳо ва ҳатто аз байн рафтани баъзе аз онҳо ба мушоҳида мерасад, ки ин оқибати нохуш дорад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 зимни конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дар масъалаи об таъкид намуданд, ки давоми якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст. Пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар ҷумҳурии мо ҷойгир аст,  аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст.

Бинобар ин ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон ба хотири ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки ин ташаббусҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии комил ёфтанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 19, 2025 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
ЧАРО БАЪЗЕ АЗ НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ХУШК МЕГАРДАНД? Ва ё барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?
ВАТАНРО ЧУН ФИРДАВСӢ БОЯД ДӮСТ ДОШТ! Эҳдо ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем
«EDONISH». Тавассути ин барнома ба хонандагон зиёда аз 27 миллион баҳо гузошта шуд
Профессор Муҳаммад Абдураҳмон: «Сано бодо ба модари тоҷик — Ситорабону, ки Сино – нобиғаи асрҳоро ба мо ва аҳли башар тақдим намуд»
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба заминаҳои ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти он
КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ. Аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсолӣ ин зироат дар ҷаҳон баъди гандум ва шолӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд
ИНКИШОФИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Онҳо заминаи устувори моддӣ, техникӣ ва технологӣ барои таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон мебошанд
Сиёсати иҷтимоӣ самти муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 мебошад