ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, душанбе, 41-умин рӯзи соли 2025 аст
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2019/01/Takvim-Tochiki.jpg)
10 феврали соли 2009 дар Белгия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобили сармоягузорӣ ба имзо расид.
***
10 феврали соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд.
***
10 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Америка ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
Соли 2018 ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 беш аз 10 ширкати тавлидотии Тоҷикистон аз навоҳии тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, ки ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, меваҳои хушк, лимӯ, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, дастранҷи худро дар Намоишгоҳи 27-уми маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо- «Prodexpo-2020» дар маркази намоишгоҳи «Экспостентр»-и шаҳри Москва ба намоиш гузоштанд.
***
10 феврали соли 2021 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳоди эъломия дар бораи даромад аз ҷониби судя ҳангоми таъйин ба вазифа ҳатмӣ гардид.
10 ФЕВРАЛ:
Дар Русия – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ.