ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, чоршанбе, 43-юмин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 12, 2025 08:00

12 феврали соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалии сулҳ ва ризоият ба шаҳри Алматои Қазоқистон сафар намуданд.

***

12 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Беларус ба имзо расид.

***

Соли 2010 дар Вашингтон аввалин машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико баргузор гардиданд.

***

12 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявӣ, аз ҷумла рӯзномаи мизи мудаввари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 ҳунармандони беҳтарини Тоҷикистон маснуоти худро дар Намоиши байналмилалии чоррӯзаи молҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон ба намоиш гузоштанд.

***

12 феврали соли 2018 масъалаи рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар муҳокима гардид.

***

12 феврали соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи бистуми Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ суханронӣ намуданд.

***

12 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ: об моро муттаҳид менамояд» иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.

12 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муҳиддин Зоиров -соли  1931 — ходими  сиёсӣ ва давлатӣ.

Февраль 12, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш