ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, душанбе, 55-умин рӯзи соли 2025 аст

24 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар робита ба қонунигардонии маблағҳои муайян аз ҷониби онҳо» қабул гардид.
***
24 феврали соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ»-ро имзо намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд шуъбаи нави Маркази илм ва фарҳанги Русия ифтитоҳ гардид.
***
24 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи накӯ бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд. Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ мутахассисонии соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати хоҷагиҳои боғпарвари ноҳия, дар маҷмуъ ҳазор нафар иштирок намуданд.
***
24 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд, мулоқот намуданд.
***
24 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази сайёҳӣ ифтитоҳ гардид. Марказ бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳибкасби миллӣ дар пояи кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 ба ифтихори 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони шаҳри Душанбе бо ташкили барномаи рангини фарҳангии «Гулчини сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» баргузор гардид.
24 ФЕВРАЛ:
Дар Эстония – Рӯзи истиқлол.
***
Дар Ҷумҳурии исломии Эрон – Рӯзи муҳандис.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳомид Маҳмудов— соли 1900 — бунёдгузори театри миллии тоҷик.
***
Талбак Салимов— соли 1960 – доктори илми техникӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.