Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии ҳаво ва иваз шудани фасли сол ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун, ивазшавии бофтаҳои бунияи инсон ва фаъолияти онҳо таъсири мухталиф мерасонад. Бо фаро расидани фасли баҳор инсонҳо гирифтори бемориҳои гуногун мегарданд. Пас, бояд донем, ки дар ин фасл кадом бемориҳо бештар авҷ мегиранд.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, инсон бояд худро ба ҳавои ин фасл мутобиқ кунад. Аввалан инсон бояд мутобиқи боду ҳаво либос ба бар намояд ва дуюм, хӯрокҳои серғизои ба организм фоидаовар истеъмол кунад. Инчунин тарзи ҳаёти солим, яъне машқҳои варзишӣ ва сайру гашт дар ҳавои тозаро пайваста иҷро намояд. Бемориҳое, ки дар ин фасли сол авҷ мегиранд, ҳассосият, дарди меъдаву рӯда, шамолкашӣ ва зуком, асаб ва дигар бемориҳо мебошанд.
Ҳассосият — бемории мавсимӣ
Дар фасли баҳор бештар бемориҳои аллергикӣ-дорои ҳассосият авҷ мегиранд. Аллергия (реаксияи ғайритабиӣ ё ҳассосияти дигаргуншудаи организм нисбат ба чизе) ифодакунандаи аксуламали муҳофизатӣ аст, ки дар заминаи иммунологӣ ҷавобан ба таъсири такрории ангеза инкишоф меёбад. Сабаби асосии ин бемориҳо аллергенҳо мебошанд. Барои пешгирӣ аз мубталоӣ ба аллергия бояд, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти санитариву гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар баробари ин ғизои солим истеъмол карда, аз дорувориҳои тавсияшуда истифода бурдан зарур аст.
Бемориҳои системаи асаб
Дар фасли баҳор бисёриҳо ба депрессия (афсурдаҳолӣ, руҳафтодагӣ) гирифтор мешаванд. Ин ҳолат омилҳои зиёд дорад. Омили инро табибон вайрон шудани соати биологӣ, дарозтар шудани рӯзҳо, тағйирёбии боду ҳаво ва норасоии витаминҳо медонанд. Бо ҳамин сабаб дар фасли тирамоҳ асабоният, бехобӣ ва дигар иллатҳои системаи асаб авҷ мегирад. Бинобар ин кӯшиш кунед, ки бе сабаб ва беҳуда асабонӣ нашавед. Вақте ки асабатон вайрон мешавад, дарҳол ягон дору истеъмол намуда, мусиқии дӯстдоштаатонро гӯш кунед ва ё ба кори писандидаатон машғул шавед. Сайр дар ҳавои тоза низ барои ором кардани асаб ёрӣ мерасонад.
Шамолкашӣ ва зуком
Ба иттилои табибон, дар фасли баҳор инсонҳо ба бемории зуком гирифтор мешаванд. Зеро ҳарорати ҳаво чандон баланд нест, одамон либоси тунук мепӯшанд, ҳатто дар рӯзҳои боронӣ ҳам баъзе нафаронро бо сару либоси тунук дидан мумкин аст. Маҳз ҳамин сабаб мешавад, ки кас ба зудӣ шамол кашида, ба бемории зуком гирифтор шавад. Кӯдакону пиронсолон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд, аз ин рӯ барои пешгирии зуком ва сармохӯрдагӣ истеъмоли маҳсулоте, ки дар онҳо витамини С бештар аст, тавсия дода мешавад.
Бемориҳои меъдаву рӯда
Гастрит, гастроэнтерит, колит ва захми меъда аз ҷумлаи бемориҳои маъмулии меъдаву рӯдаанд, ки бештар дар фасли баҳор хурӯҷ мекунанд. Табибони гастроэнтеролог сабаби инро дар суст шудани фаъолияти узвҳои системаи ҳозима, тағйироти мавсимӣ, тезоби меъда ва норасоии витаминҳои В ва С маънидод менамоянд, ки барои пардаи луобии меъда хеле заруранд. Барои пешгирии хурӯҷи бемориҳои рӯдаву меъда дар фасли баҳор, қабл аз ҳама, реҷаи хӯрокхӯриро риоя намуда, аз истеъмоли ғизоҳои сахт, бирёнӣ, серравған, турш, тунд, тез худдорӣ кардан зарур аст. Кӯшиш кунед, ки асабонӣ нашавед, зеро маҳз стресс ва асабоният боиси хурӯҷи бемориҳои меъдаву рӯда мегарданд.
Бемориҳои пӯст
Экзема, псориаз, нейродермит, витилиго, нарак, пайдо шудани доғҳои зиёд дар пӯсти рӯй ва демодекоз (шабушки зери пӯст) аз ҷумлаи бемориҳои маъмулии пӯст мебошанд, ки дар фасли баҳор бештар хурӯҷ мекунанд. Сабаби ин мушкилиҳоро табибони соҳа дар намнокии зиёд маънидод менамоянд. Барои пешгирии мушкилоти пӯст дар фасли баҳор бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намуда, шабона тирезаро кушода мондан зарур аст. Шумо бояд парҳезро риоя карда, аз хӯрдани хӯрокҳое, ки боиси пайдоиши хоришак ва аллергия мегарданд, худдорӣ намоед. Бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои бемориҳои пӯст ҳатман ба духтури дерматолог муроҷиат кунед.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард






