«ҲУНАРМАНДИ ХАЛҚӢ». Навраси тоҷик дар озмуни эҷодиёти умумирусиягӣ ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Навраси тоҷик дар озмуни эҷодиёти умумирусиягӣ, ки таҳти унвони «Ҳунарманди халқӣ» баргузор гардид, ғолиб дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он таълимгирандаи маҳфили «Рақс»–и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Зебинисо Исмоилова дар номинатсияи «Хореография» лауреати дараҷаи якум гардид.
Дар озмун кӯдакону наврасон ва ҳунармандони калонсол аз Федератсияи Русия ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки навраси тоҷик Зебонисо Исмоилова дар чандин озмуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Зебонисо Исмоилова дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Art Silk Way» низ, ки моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда буд, аз рӯйи ду номинатсия сазовори ҷойи 1-ум гардид.
АКС аз бойгонии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






