Ҳунармандони Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 09.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи имсол ҳунармандони Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ дар Тоҷикистон намоишномаҳои худро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иттилоъ доданд, дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ду давлат табодули ҳамкорӣ бештар мегардад.
Сафари ҳунарӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ, ки соли 2022 ба имзо расида буд, доир мегардад.
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории фарҳангӣ созишномаи ҳамкории мутақобили судманд буда, ба рушди муассир ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи театрҳо мусоидат менамояд. Ин ҳуҷҷат барои сафарҳои ҳунарии дастаҳои ҳарду тараф имконияти васеъ фароҳам меорад. Дар оянда театрҳо метавонанд солистон ва гурӯҳҳои иҷрокунандаро иваз кунанд ва лоиҳаҳои якҷояи эҷодиро амалӣ намоянд.
Тибқи Ёддошти тафоҳум мутахассисони варзидаи ҳарду театр метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор намуда, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок кунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






