ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.4509 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст

ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.9390 сомонӣ;
1 евро – 11. 4509 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1237 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9390 то 10.9500 сомонӣ;
1 евро аз 11.4509 то 11.3000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1237 то 0.1230 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».