Вобаста ба интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2025/02/image001-4.jpg)
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими низоми интихоботӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадаф аз баргузории конфронс баррасии нақш ва ҷойгоҳи интихобот дар низоми сиёсии мамлакат, таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи маърифати сиёсии шаҳрвандон вобаста ба интихобот, таҳлилу арзёбии арзишҳо ва дастовардҳои интихоботи қаблан доиргардида дар солҳои соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дар масири таҳкими демократия қарордошта давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои тақвияти мавқеи ниҳоди интихобот дар ҷомеа, боло бурдани эътимоди мардум ба интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ ва таъмини татбиқи самараноки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон тадбирҳои бунёдиро амалӣ менамояд. Дар натиҷа интихобот дар Тоҷикистон ниҳоди низомсоз эътироф шуда, дар шакли комил ташаккул ёфта, фаъолият дорад.
Ба андешаи иштирокдорони ҳамоиш, асоси интихобот ва аҳамияту моҳияти онро Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар намудааст. Дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Ин меъёр аҳамияти хоси сиёсӣ дошта, моҳияти мардумсолориро ифода менамояд. Ба халқ мутааллиқ донистани ҳокимият ва эътирофи ҳуқуқи халқ ба идоракунии бавосита ва ё бевосита ифодаи технологияи ташаккули ҳокимият дар Тоҷикистон мебошад. Дар ин ҳошия эътирофи интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ инъикоси майли ҳокимият ба таҳкими демократия мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳояш мустақиман амал мекунанд, дар моддаи 27 муқаррар намудааст, ки «шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад».
Таъкид гардид, ки раванди бемайлони рушди демократия дар ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки дар раванди баргузории маъракаи интихобот василаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ва мувофиқ ба сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа интихоб ва татбиқ карда шаванд. Муҳим будани ин масъала дар он аст, ки интихобкунанда дар доираи арзишҳои сиёсии дар ҷомеа ташаккулёфта аз шакли муайяни иҷтимоишавӣ мегузарад. Маърифат ва фарҳанги сиёсии ӯ низ дар ҳамин доира ташаккул ёфта, муносибати ӯро ба равандҳои сиёсӣ муайян мекунад. Маҳз аз ҳамин сабаб қолаб ва технологияҳои ташаккулёфтаи интихоботии як мамлакатро дар кишвари дигар истифода намудан мумкин нест, зеро он хусусияти таҳмилӣ ва маҷбуран боркардашуда пайдо намуда, ба интихоби бошууронаи интихобкунанда халал мерасонад.
Дар ҳамоиш ҳолат ва дурнамои рушди институти интихоботӣ дар Тоҷикистон, пешниҳодҳои таҳкими раванди интихобот ва такмили қонунгузории дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС аз манбаъҳои боз