35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беш аз 1,5 км роҳи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор мумфарш мегардад
ДУШАНБЕ, 26.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии беш аз 1,5 км роҳи маҳаллаҳои Ҳамадонӣ ва Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор оғоз гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки ин қитъаи роҳ бо ташаббуси соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланди маҳалла дар ҳамкорӣ бо Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр мумфарш карда мешавад.
Роҳбарияти шаҳр иқдоми ҷавонони ташаббускор ва саховатмандро туҳфаи арзишманд ба сокинону меҳмонони шаҳри Ҳисор дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






