35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон дар назди муассисаи таълимӣ бинои иловагӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Хуррамдиёри ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №-32 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин муассисаи таълимӣ шумораи умумии хонандагон 650 нафарро ташкил дода, бинои иловагӣ аз тарафи Бунёди миллии CASA-1000 бо маблағи умумии 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Бино дуошёна буда, дорои 8 синфхона барои 350 хонанда дар ду баст мебошад.
Инчунин дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд.
Бинои иловагӣ аз тарафи падару модарон ва шахсони саховатпеша бо маблағи умумии 1 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои иловагӣ дуошёна буда, дорои 8 синфхона барои 400 нафар хонанда дар ду баст мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






