Бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар шаҳри Бӯстон барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор шуданд

Март 27, 2025 09:54

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Бӯстон барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад, сокинон ва меҳмонон дар барномаҳои фарҳангӣ, намоиши дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ иштирок намуданд. Дӯструякони муассисаҳои  томактабӣ бо рақсу сурудҳои ҷолиб меҳмононро хушҳол намуданд. Барои фаъол будан ба иштирокчиёни намоишҳои зебою рангини ҳунарӣ туҳфаҳо тақдим гардид.

Дар тантанаҳои наврӯзӣ аз ҷониби соҳаҳои гуногун шаҳр хаймаҳо ороста шуда, дар он анвои хӯрокҳо ва либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар иди зебои шаҳр меҳмонҳо аз хориҷи ҷумҳурӣ низ иштирок намуданд ва аз таомҳои миллӣ лаззат бурда, ба он баҳои баланд доданд.

Инчунин дар «Боғи Парчам» дар фазои идона чорабинии тантанавӣ бо суруду рақсҳои аҳли фарҳанг баргузор шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Март 27, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид