Бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар шаҳри Бӯстон барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Бӯстон барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад, сокинон ва меҳмонон дар барномаҳои фарҳангӣ, намоиши дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ иштирок намуданд. Дӯструякони муассисаҳои томактабӣ бо рақсу сурудҳои ҷолиб меҳмононро хушҳол намуданд. Барои фаъол будан ба иштирокчиёни намоишҳои зебою рангини ҳунарӣ туҳфаҳо тақдим гардид.
Дар тантанаҳои наврӯзӣ аз ҷониби соҳаҳои гуногун шаҳр хаймаҳо ороста шуда, дар он анвои хӯрокҳо ва либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар иди зебои шаҳр меҳмонҳо аз хориҷи ҷумҳурӣ низ иштирок намуданд ва аз таомҳои миллӣ лаззат бурда, ба он баҳои баланд доданд.
Инчунин дар «Боғи Парчам» дар фазои идона чорабинии тантанавӣ бо суруду рақсҳои аҳли фарҳанг баргузор шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






