Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара бахшида ба таҷлили Наврӯз «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Дар ифтитоҳи «Шаҳраки наврӯзӣ» муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия фаъолона иштирок намуда, дар он дастовардҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва гӯшаҳои идонаашонро ба намоиш гузоштанд.
Ин шаҳрак бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги ниёгон ва фароҳам овардани фазои шодию нишот барои сокинон ва меҳмонон ташкил гардида, тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар ин ҷо то 20 март идома меёбанд.
«Шаҳраки наврӯзӣ» барои сокинон ва меҳмонони ноҳия макони фароғат, шиносоӣ бо анъанаҳои миллӣ ва таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз ба шумор меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






