Барномаи маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд

Март 14, 2025 14:36

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» дар ҷаласаи кории назоратии назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа роҳбарияти сохторҳои давлатӣ ва аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба маърифати экологӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.

«Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ҳадафи муайян дорад, ки бо баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва густариши ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳои дохилӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фарҳанги экологии ҷомеаро баланд бардорад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дастур дод, ки барои татбиқи босамари барнома ҳамаи сохторҳои дахлдор бояд чораҳои заруриро дида, кор бо ҷомеа ва муассисаҳои таълимиро дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати экологӣ таҳким бахшанд. Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ва воситаҳои ахбори омма дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа маърифати экологӣ тарғиб карда шавад.

Пас аз шунидани ҳисобот ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои марбута доир ба иҷрои саривақтию босифати барнома, ки соли равон муҳлати татбиқи он ба анҷом расида, натиҷагирӣ карда мешавад, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2025 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст