«БИБИҶОНАМ МЕОЯД…». Дар Рӯзи Модар аз модаркалонҳои меҳрубону афсонагӯ ёд меорем

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Чун дар арафаи Рӯзи Модар қарор дорем месазад, ки аз нақши назарраси бибиҳо (модаркалонҳо) дар ҳаёти наберагон ёдовар шавем. Зеро модарон баъди ба камол расонидани фарзандони хеш рисолати худро идома дода, дар тарбияи набераҳо низ саҳми арзанда мегузоранд. Аксари мо афсонаву қиссаҳои ҷолибро аз модаркалонҳоямон шунидаем. Китоби «Алифбо» дар даст ӯ ба мо ҳарфу ҳиҷо ҳам омӯхтааст.
Қаҳрамони имрӯзаи мо — Меҳриниссо Шокирова модари 5 фарзанд, 21 набера ва ду абера мебошад. Ин зани ситорагарм бо табассуми ба рӯяш зебанда шӯхиомез мегӯяд, ки «баъзан ба назарам мерасад, ки аз модарашон дида, набераҳоямро ман зиёдтар дӯст медорам. Вақте ҳанӯз бибӣ нашуда будам, медидам, ки чи хел модаркалонҳо набераҳояшонро дӯст медоранд, баъзан онҳоро эрка карда, тарафгирӣ ҳам мекунанд, сахт ҳайрон мешудам».
«Ростӣ ба маънии ин ҳикмати халқ «набера мағзи дона» баъди бибӣ шуданам сарфаҳм рафтам. Баъд фаҳмидам, ки чаро бибиҳо ин қадар набераҳоро дӯст медоранд. Охир набераҳо кӯдакии фарзандонро ба ёд меоранд, идомадиҳандаи умри мо ҳастанд, барои ҳамин ин қадар ба онҳо муҳаббат дорем»,- афзуд ӯ.
Агар модарон дар тарбияи фарзандон масъулияти бештар дошта бошанд, бибиҳо ҳам талош менамоянд дар тарбияи набераҳо нақши муассир гузоранд.
«Ман фикр мекунам, ки тарбияи бибӣ аз модар то андозае фарқ менамояд. Одатан модарон фарзандонро талқин менамоянд, ки дарсҳояшонро хуб омода намоянд, ба оворагардӣ машғул нашаванд, калонсолонро ҳурмату эҳтиром намоянд. Бибиҳо ҳам айнан ҳамон корро бо дигар тарз анҷом медиҳанд, яъне ба наберагон аз ҳаёти наврасӣ, ҷавонӣ, оиладории худ ва қиссаҳои ибратбахш аз ҳаёти дигарон нақл мекунанд, то онҳо аз ин шунидаҳо ба хулоса омада, ибрат гиранд. Ин ҳам яке аз роҳҳои тарбия маҳсуб мешавад»,-чунин андеша дорад Меҳриниссо Шокирова.
Бузургон низ гуфтаанд, ки калонсолон аз ҳаёти худ ба аҳли оила бояд бештар ҳикоят кунанд. Ба андешаи онҳо, ҳикоят кардан аз ҳаёти кӯдакии худ ба фарзандону наберагон хеле муҳим аст. Ин ба набераҳо имконият медиҳад, ки гузаштаро бо имрӯза муқоиса намуда, панд гиранд.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки муҳаббату садоқат, самимияту вафодориро бояд маҳз калонсолон дар замири фарзандон ҷо намоянд. Меҳринисо Шокирова ҳамарӯза барои дарс тайёр намудани ду наберааш кумак мерасонад. Ҳарчанд дар замони муосир илму техника тараққӣ намудаю усули дарсгузарии соҳаи маориф нисбат ба солҳое, ки онҳо таҳсил намудаанд, тағйир ёфтааст, аммо то қадри фаҳмиши худ бо онҳо кумак мерасонанд.
«Ман ҳамарӯза баъди кор ба хона омада, бештар бо наберагонам китоб мехонем, шеър аз ёд мекунем, баъзан вақт расм ҳам мекашем, аммо дарсҳои боқимондаашонро онҳо бо модарашон тайёр менамоянд. Хулоса мо низ барои соҳибилму соҳибмаърифат гаштани наберагон то андозае саҳм мегузорем»,-мегӯяд ин бибӣ.
Ба андешаи Меҳриниссо Шокирова, аслан дар оила якҷоя нишастан, ҳамроҳ хӯрок хӯрдан ва муошират кардан барои насли наврас тарбия мебошад. Зеро агар дар сари дастурхон кӯдакон одоби хӯрокхӯриро риоя накунанд, калонсолон ба онҳо тарзи хӯрок тановул карданро мефаҳмонанд, сухани бад гӯянд, онҳоро зуд ислоҳ менамоянд, ки ин барои онҳо дарси ибрат аст.
Ҳаёти худро ба таври пандомӯз ба аҳли оила, хусусан ба кӯдакону наврасон ҳикоят кардани калонсолон хеле муҳим аст. Ин ба аҳли хонавода, аз ҷумла набераҳо имконият медиҳад, ки насли калонсолро беҳтар шиносанд. Тавре медонем, бисёр кӯдакон гумон доранд, ки волидайни онҳо ҳеҷ гоҳ кӯдак набуда, мушкилоти кӯдакона надоштаанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки волидайнашон ҳамин хел калон ба дунё омадаанд.
Мувофиқи пажуҳишҳо, кӯдаконе, ки илова ба волидайн бештар бо калонсолон муошират менамоянд, худро хушбахттару бовариноктар эҳсос мекунанд.
«Дар хонаи мо набераи хурдиям 2-сола мебошад, ҳар вақте ки ман ба хона меоям, бибиҷонам омад, дилу ҷонам омад, гӯён хурсандона ба сӯи ман медавад. Ин нишонаи меҳру муҳаббат доштани бибиҳо ба набераҳо ва набераҳо ба бибиҳо мебошад», — мегӯяд ӯ ва илова кард, ки баъди наберачаамро ба оғӯш кашидан ҳамаи хастагию рӯҳафтодагиам бартараф мешаваду худамро хушбахту саодатманд ҳис мекунам.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар хонаводаҳое, ки бибиҳо ҳамроҳи аҳли хонавода зиндагӣ менамоянд, онҳоро сутуни хонадон, қуввати дил, маслиҳатгару насиҳатгар меноманд, ки воқеан ҳам дуруст аст. Бузургон андеша доранд, ки суннатҳои оилавӣ муносибатҳои аъзои хонаводаро нотакрор намуда, ба аҳли хонадон суботу устуворӣ, эътимод ва боварӣ ба фардо мебахшанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки «оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд».
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»