Дар деҳаи Лолазори ноҳияи Деваштич муассисаи томактабӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 30.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич муассисаи томактабӣ сохта мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар медиҳад, бино аз ҷониби сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа аз ду ошёна иборат аст ва барои 200 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ин ноҳия қариб 20 ҳазор аҳолӣ истиқомат дошта, наврасон дар 9 мактаб ва хурдсолон дар 3 кӯдакистон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бинобар афзоиш ёфтани аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба бунёди ин муассиса санги асос гузошта шуд.
Ҳоло дар ноҳияи Деваштич 8 кӯдакистон фаъолият дошта, 1430 нафар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич








8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






