Дар Душанбе Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор шуд

Март 19, 2025 13:14

ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти двалатии шаҳри Душанбе Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Ҷашни байналмилалии Наврӯз, рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода изҳор намуд, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ба беҳтарин ойинҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст. Ин метавонад барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла сайёҳону гардишгарон ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари тоҷик ва мавзеъҳои сайёҳии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ иброз дошт, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус пойтахти он — шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил карда мешавад. Дар доираи он барномаҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили Корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе -меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.

Иштирокдорони форум дар мавзуъҳои «Наврӯз-меросбари суннатҳои миллӣ», «Шаҳри Душанбе -ҳамчун махзани таъриху фарҳанги миллӣ», «Қадимтарин навиштаҳои паҳлавӣ дар бораи Наврӯз», «Наврӯз- ҳамчун бунёди ҷаҳонбинии миллӣ ва омили худшиносии миллӣ», «Наврӯз мардумҳоро муттаҳид месозад» ва «Нақши ҷашнҳои миллӣ, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ дар брендикунонии миллии сайёҳӣ» маърузаҳо намуданд.


Таъкид карда шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ ташаккул ва муаррифии тамғаи миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон — ҳамчун решапайванди наслҳо, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон метавонанд барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат ва имконияти сайёҳии мамлакат ҳамчун тамғаи миллии сайёҳӣ хизмат намоянд.

Дар замони муосир Наврӯз метавонад ҷузъи асосии стратегияи брендикунонии сайёҳии Тоҷикистон бошад. Ин метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат кумак кунад ва Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ бештар муаррифӣ ва ҷолиб созад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар брендикунонии Наврӯз дуруст иҷро шавад, Тоҷикистон метавонад ба макони фарҳангии боэътимод ва ҷазоби сайёҳӣ табдил ёбад. Маҳз тавассути навсозиҳо ва ҳамоҳангӣ Наврӯз метавонад рамзи муаррифии миллӣ ва байналмилалӣ гардида, ба рушди соҳаи сайёҳӣ, иқтисод ва фарҳанг мусоидат намояд.

Дар фарҷоми Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»  байни иштирокдорон музокира доир шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 19, 2025 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид