Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мақоми олии қонунбарори мамлакат ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали созандагиҳо ба неруи офарандаи Зан-Модар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин давлати миллиро дар асоси ормонҳои модарони тоҷик, ки ҷавҳари онро сулҳу салоҳ, ҳамдилию ҳамгироӣ ва худогоҳию башардӯстӣ ташкил медиҳад, бунёд гузоштанд. Занон низ бояд масъулияти баланди миллию шаҳрвандӣ дошта, дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳм гузоранд.
«Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои фараҳу шодмонӣ, шоистагию қадршиносӣ ва саршор аз садоқати волои инсонӣ аст, ки ҳамасола мардуми Тоҷикистон ва хосса, ҷавонмардони боиззат онро интизор мешаванд ва ба истиқболи шоистаи он омодагии хос мебинанд. Зеро ин ҷашне аст, ки бо исми бузурги Модар пайванд мебошад ва зиндагию рӯзгори ҳар кадоми мо аз муҳаббату самимият ва шарофату фидокории модарон сарчашма гирифтааст»,-изҳор намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Рӯзи Модар ҷашне аст, ки на танҳо дар мамлакати мо, балки дар ҳар гӯшаву канори олам бо хушнудии том истиқбол мегардад. Бо шарофати ин ҷашн аз муҳаббат, самимият, покию иззат, шарафу номус ва офарандагии Зан-Модар сухан гуфта мешавад. Зеро Модар ҳаммаънои офарандагӣ ва ҳаммаъвои зиндагии башарият мебошад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






