Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Модарро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Модар ва гиромидошти ин неъмати бебаҳои умр таҳти унвони «Меҳрофар» маҳфили идона баргузор гардид, ки дар он занон-меҳмонони гуногункасб иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Ҳадафи асосии баргузории маҳфил аз баёни эҳтирому ситоиши Зан-Модар ва ҳамзамон баланд бардоштани қадру нуфузи занон дар ҷомеа, нақши бориз доштани занон дар ҳамаи ҷабҳаҳои мухталифи мамлакат иборат буд.
Раиси Раёсати Бонк Ҳокимшоҳ Бобозода аз нақши занон-модарон дар ҷомеа ва дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба занон ёдовар шуд.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон ва дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат манзалати хоссаро соҳиб гаштани онҳо буда, заҳмату фидокориҳои занон-модарон ҳамеша қадр мегардад. Зеро занону модарони тоҷик ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон ва ба эътидол овардани вазъи мамлакат азму талош намуда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо нангу номуси ватандӯстӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд гузоштаанд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба мавқеи занон дар ҷомеа, рӯз ба рӯз баланд шудани нуфузи модарони мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, фазилати инсонии ин отифаи ҳусн дар таърихи башарият ва Тоҷикистон, инчунин саҳми арзандаи занон-модарони мамлакат дар рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»










Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






