Дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон 1639 зан фаъолият дорад, ки 65 нафараш роҳбар аст

Март 7, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Вазорати нақлиёт ва муассисаҳои зерсохтори он 1639 нафар, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда 65 нафар занон фаъолият менамоянд, ки натиҷаҳои корашон аз мардон кам нест. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷамъомади тантанавие, ки бахшида ба Рӯзи Модар дар Вазорати нақлиёт баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вазир афзуд, ки имрӯз занон на танҳо паси чанбараки автомобил менишинанд, балки дар самтҳои дигар ва мушкилтари соҳаи роҳу нақлиёт низ қобилият нишон медиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо, тоҷикон иззату эҳтироми Зан-Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Мақому манзалати занон ва нақши онҳо дар эъмору идоракунии давлат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат боло рафт. Фармони таърихии Сарвари давлат аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» далели ин гуфтаҳо мебошад.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз кулли иштирокчиён даъват намуданд, ки модарону хоҳарони худро хабар гиранд, аз ҳолу аҳволашон пурсанд ва ба онҳо кумак расонанд. Ин нишони эҳтирому самимияти беандозаи Пешвои миллат нисбат ба занону модарон мебошад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон хотирнишон сохт, ки «мо минбаъд низ барои ҷалби ҳарчи бештари занон ба кор ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ аз тамоми имконот истифода менамоем».

Дар анҷом ба занони фаъоли соҳаи нақлиёт Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардиданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»