Дар «Тоҷикаэронавигатсия» ҷашни ҷаҳонии Наврӯзро таҷлил намуданд

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар радифи дигар ҷашнҳои тоҷикон — Меҳргон, Сада ва Тиргон бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Наврӯз суханронӣ намуда, онро на танҳо ҷашни миллии тоҷикон, балки падидаи муҳими фарҳангӣ ва умумибашарӣ арзёбӣ намудаанд. Чунин гуфта шуд дар базми наврӯзӣ, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин корхона иттилоъ медиҳад.
Дар ҷамъомади идона роҳбарият ва кормандони корхона доир ба таърих ва суннатҳои ин ҷашни байналмилалӣ сухан намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо арзишҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагию ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз ниҳоят бузурганд. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Инчунин Сарвари давлати Тоҷикистон ҷойгоҳи Наврӯзро дар таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва худшиносии миллӣ махсус таъкид намудаанд.
Бо дахли таърихи Наврӯз гуфта шуд, ки ин ҷашни бостонӣ таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, пайдоиши он бо тамаддуни қадимии ориёӣ иртибот дорад. Таҳқиқоти таърихӣ бозгӯи онанд, ки ин ҷашн ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишиён (асрҳои VI–IV пеш аз милод) расман таҷлил мегардид. Дар он даврон Наврӯз ҳамчун оғози сол ва рамзи ҳосилхезии замин пазируфта мешуд. Нуктаҳои аслии анъанаи Наврӯзро ниёгони мо ҳамчун арзиши фарҳангӣ тавассути китоби «Авасто» барои насли имрӯз боқӣ гузоштаанд.
«Дар Тоҷикистон Наврӯз ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфтааст. Яке аз фазилатҳои барҷастаи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамдилию сарҷамъии аҳли ҷомеа ва шодию сурури хурду бузург мебошад»,- иброз гардид дар ҷамъомади идона.
АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»