Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид

Апрель 15, 2025 13:24

ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск чорабинии идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони воломақоми Ҳукумати вилоят ва шаҳри Новосибирск, роҳбарияти намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, намояндагиҳои дипломатии шаҳри иқомат,  донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.

Консули генералии Тоҷикистон  дар шаҳри Новосибирск Наврӯзро ҳамчун рамзи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи анъанаҳои неки фарҳангӣ тавсиф намуда, таъкид кард, ки таҷлили чунин ҷашнҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву инсонӣ мусоидат менамояд.

Ба ҳозирин намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, имконияти сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои табиию табобатии Тоҷикистон ба тариқи видеороликҳо муаррифӣ гардиданд.

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск

 

 

Апрель 15, 2025 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд