Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид

Апрель 16, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши  муштарак баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба хотири муаррифии фарҳанги бой ва пурғановати халқи тоҷик ва таҷлили  Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳамоиш фаъолона иштирок намуд.

Дар қатори дигар давлатҳо гӯшаи фарҳангии Тоҷикистонро якҷо бо хӯрокҳо ва шириниҳои лазизи наврӯзӣ инчунин ҳунарҳои дастии қадимии мардумӣ, аз қабили сӯзанию гулдӯзӣ зеб доданд. Илова бар ин, фарзандони ҳайати дипломатии намояндагӣ бо намоиши барномаи рақсӣ ва мусиқии идонаи тоҷикӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Қисмати зиёди иштирокдорон гӯшаи омоданамудаи намояндагиро тамошо намуда, аз дидани либосҳои миллӣ, бахусус атласу чакан, инчунин таомҳои миллии тоҷикӣ баҳра бардоштанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Апрель 16, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд