Доир ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи саноат созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар ҳузури Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия табодул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин санад бо мақсади таҳким ва густариши ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Русия дар самти рушди соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои фароҳам овардани заминаи устувор бобати истифодаи босамари зарфияту иқтидори ҳамкорӣ ва мусоидат ба танзими муштараки намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ ба имзо расонида шудааст.
Ҳамзамон он ба ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ ба соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, сохтмон, маъданҳои кӯҳӣ ва мошинсозӣ тавассути таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва татбиқи амалии онҳо барои ба кор даровардани иқтидори нави саноатӣ ва ба ин восита зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири ба содирот нигаронида мусоидат менамояд.
Табодули Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ба боз ҳам тақвият ёфтани муносибатҳои дутарафа дар соҳаи саноат нигаронида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






