Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни маҳорату маллакаи касбӣ дар Чин соҳиби медали нуқра шуданд

Март 31, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 31.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Конгресси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ (WCITE), ки давоми моҳи октябр-ноябри соли 2024 дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуда, медали нуқра ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тибқи барномаи таълимии муштараки 2+2 дар доираи амалисозии фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — коргоҳи Лубан, ки дар он таҳсил доранд, бо роҳбарии устодони Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин соҳиби медали нуқра гардиданд.

Озмуни маҳорату малакаи касбӣ дар 32 минтақаи Чин бо баргузор намудани ҳамоишҳои намоишӣ бо иштироки ҳайати дастаҳои намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳои касбӣ-техникии 74 давлати ҷаҳон баргузор гардид.

Донишҷӯёни тоҷик ба ин озмун дар самти «Гузаронидани лӯлаҳои газ дар муҳити шаҳрӣ ва ошкор кардани ихроҷ — Urban Gas Pipeline Detection» лоиҳа пешниҳод намуда буданд.

Намояндагони Конгресси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ 23 марти соли равон зимни ҳамоиш ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон медалу ифтихорномаҳои фахриро тақдим намуданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Март 31, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид