Идомаи воридшавии барқияҳои табрикии наврӯзӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 22.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар идомаи воридшавии бақияҳои наврӯзӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияҳои шодбошӣ ворид гардид, ки дар онҳо, аз ҷумла омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шуморо бо фарорасии иди зебои Навруз, ки рамзи эҳёи табиат, оғози марҳилаи нави роҳи зиндагӣ ва боварӣ ба ояндаи беҳтар мебошад, сидқан табрик мегӯям.
Итминон дорам, ки муносибатҳои хайрхоҳонае, ки миёни Беларус ва Тоҷикистон ташаккул ёфтаанд, мутобиқ ба манфиатҳои мардумони давлатҳои мо ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаамон дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин рӯзҳои ҷашнии хосса таманниёти инҷонибро ҷиҳати сиҳатмандӣ, татбиқи бомуваффақияти нақшаҳо ва сулҳу некӯаҳволӣ ба сокинони кишваратонро лутфан бипазиред”.
Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус
***
“Ҷаноби Президент, Бародари азизам,
Ба муносибати ҷашни Наврӯз, ки табиат эҳё мешавад, замин бедор мешаваду умедҳо месабзанд, табрикоти самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми дӯсту бародари тоҷик мерасонам.
Наврӯз, ки анъанаи чандинасраи мову шумост василаест барои инки, ки имсол ҳам мо ба аҳамияти сулҳу бародарй ва ҳамбастагй ёдовар шавем. Аз самими қалб таманно дорам, ки Наврӯз аз даврае мужда хоҳад дод, ки умедҳо ба сулҳи ҷаҳон мешукуфанд ва муколама ва ҳамкориҳои байналмилалй ҷиҳатҳои нав пайдо мекунанд. Орзуи самимии мо аз ин ҷашни Наврӯз он аст, ки пайвандҳои дӯстиву бародарии амиқи байни кишварҳоямон таҳким ёфта, ҳамкориҳои мо боз ҳам мустаҳкамтар гардад.
Дар ин рӯзи пурмазмун ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатию хушнудй ва ба мардуми дӯсту бародари тоҷик ояндаи пур аз сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ таманно дорам”.
Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Туркия
***
Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба oунвони Пешвои миллат идома дорад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд






