Кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир намуданд

Март 12, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ ва бо мақсади сабзу хуррам намудани муҳити зист аз ҷониби кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳашари ниҳолшинонӣ дар Маркази таълимии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ин иқдом дар партави сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сабзгардонии мамлакат доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид.

Дар доираи татбиқи Барномаи мазкур дар мамлакат беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад. Дар марҳилаи якуми «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», (солҳои 2025-2027) дар ҷумҳурӣ шинонидани беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи Барномаи мазкур қитъаи заминҳо барои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар мамлакат васеъ гардонида мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар 50 гектар барои парвариши ниҳоли дарахтони гуногун ва гулу буттаҳо хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ таъсис дода шудаанд.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Март 12, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд