Корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинону меҳмонони Душанбе муждаи баҳор меорад

Март 14, 2025 13:44

ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 март, соати 04:00 дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад. Соати 06:00 корвони наврӯзӣ бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон муждаи  фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» мерасонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хати экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолӣ мегузарад.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии  Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир  мегарданд. Дар рӯзҳои ҷашнӣ  бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори  ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.

Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо барои  пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.

Ҳамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ асарҳои рассомон, молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо намоиш дода  мешаванд.

Имсол Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути  барномаҳои  пуршукуҳи идона, маҳфилҳои ҳунарӣ ва ҳисси ифтихор аз  Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Март 14, 2025 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад