МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли пӯдина дарди гурда ва меъдаро рафъ ва вазни зиёдатиро кам менамояд
ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баҳор давраи сабзиши гиёҳҳои гуногун аст. Дар Тоҷикистон гиёҳҳои зиёди шифобахш мавҷуд мебошанд. Дар шакли тару тоза ва хушк истеъмол намудани онҳо барои бартараф намудани баъзе бемориҳо истифода мешавад. Имрӯз ҳангоми ворид шудан ба бозорҳои мамлакат бӯи тару тозаи гиёҳҳо ба машом мерасад. Яке аз чунин гиёҳе, ки дар ҳар хонаводаи тоҷик истифода мешавад, пӯдина мебошад.
Пӯдина яке аз алафҳои бисёрсолае мебошад, ки барои хосиятҳои хушбӯйаш парвариш карда мешавад. Баргҳои пӯдинаро дар пухтупаз, чой ва атриёт истифода мебаранд. Ин гиёҳ аз антиоксидантҳо бой аст ва ба таври анъанавӣ барои хосиятҳои шифобахши худ истифода мешавад. Инчунин пӯдина барои таъми тароватбахшаш дар маҳсулоти нигоҳубини даҳон, аз қабили хамираи дандоншӯйи ва даҳоншӯйӣ истифода мешавад. Равғани эфирии пӯдина барои доштани бӯи руҳбахш дар атрҳо, шамъҳо ва маҳсулоти нигоҳубини пӯст истифода мешавад.
Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки пӯдина дамиши шикам ва ихтилоли ҳозимаро пешгирӣ намуда, дард ва рагкаширо таскин мебахшад. Пас аз 4 ҳафтаи истеъмоли пӯдиначой нишонаҳои бемориҳои узвҳои ҳозима тақрибан 40 фоиз коҳиш меёбанд. Ҳамчунин капсулаҳои пудинагӣ дар онҳое, ки аз химиотерапия мегузаранд, дилбеҳузуриро пешгирӣ менамоянд.
Азбаски пӯдина мушакҳоро суст ва шиддатро рафъ менамояд, он метавонад дар мубориза бо баъзе намудҳои дарди сар кумак расонад. Равғани пӯдинаро ба ду чаккаи сар молидан беҳтар аст. Ба нафароне, ки аз фишори хун азият мекашанд, нӯшидани чойи пӯдинагӣ тавсия дода мешавад. Пӯдиначой ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад, сатҳи энергияро афзоиш медиҳад ва хоби рӯзонаро пешгирӣ менамояд. Инчунин барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мерасонад.
Чойи пӯдинагӣ метавонад иштиҳоро каме коҳиш диҳад, ки ин дар мубориза бар зидди вазни зиёдатӣ муҳим аст. Барои онҳое, ки диққатнокияшон заиф аст, пӯдиначой ёрӣ мерасонад.
Пӯдина метавонад дар мубориза бо бактерияҳои муайян, аз ҷумла стафилокок, салмонелла ва листерия истифода шавад. Он афзоиши микроорганизмҳоро пешгирӣ намуда, қобилияти бартараф намудани бӯйи даҳонро дорад ва ба нафаскашӣ таъсири хуб мерасонад.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, истифодаи пӯдина барои гипотонияи артериалӣ, бавосир ва рагҳои варикозии узвҳои поён манъ аст. Як пиёла чойи гиёҳии тару тоза метавонад ба осонӣ аксуламали аллергияи пӯст ё роҳи нафасро ба вуҷуд орад.
Дар охир чанд тавсияи дигарро дар бораи хусусияти шифобахшии пӯдина пешниҳоди шумо менамоем.
Пӯдинаро бо мавиз якҷоя кӯфта, ба захмҳо гузошта банданд, варам ва дарди баданро даво мебахшад.
Ҳар рӯз ду қошуқ равғани бодоми талх ё мағзи донаи бодоми талхро бо пӯдина бихӯранд, дарди гурдаро рафъ менамояд.
Се шохи пӯдинаро бо оби анори турш бинӯшанд, дарди меъдаро бартараф менамояд.
Пӯдинаро бихоянд, дарди дандонро таскин мебахшад.
Се шохаи пӯдинаро кӯфта, бо оби анори турш нӯшанд, дарди синаро рафъ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон даҳҳо навъи пудина мавҷуд аст, ки ҳар намуд мазза ё бӯйи худро дорад. Ҳар намуди он дорои шакли махсуси барг ва маҷмуи хосиятҳои судманд мебошад. Он ҳам дар ҷойҳои офтобӣ ва ҳам қисман соя афзоиш меёбад. Аммо дар зери рӯшноии Офтоб рӯйидани пӯдина ба ташаккули равғанҳои эфирӣ мусоидат менамояд. Парвариши пудина дар боғ хеле фоиданок аст, зеро он метавонад ҳашароти фоиданокро ба худ кашида, ҳашароти зараррасонро рафъ намояд.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ«Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус






