МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пайвандкунӣ дар фасли баҳор усули афзоиш додани ҳосили дарахтон аст

Март 1, 2025 10:53

ДУШАНБЕ, 01.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пайванд яке аз муҳимтарин усулҳои афзоиши дарахтон мебошад. Онро дар дарахтони ҷангалзор, току боғдорӣ, растанипарварӣ ва парвариши ниҳолу растаниҳои ороишӣ истифода мебаранд. Дар ин шабу рӯз муғчапайванд яке аз роҳҳои зиёд намудани дарахтони ҳосилдеҳ мебошад. Ин матлабро директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Пайванд ҳамчун усули зиёдкунӣ аз замонҳои қадим маълум аст. То ҳол зиёда аз 150 навъи гуногуни он истифода шудааст, ки маълумтарини онҳо муғҷапайванд, пайванд бо қаламча ва ҷуфтпайванд мебошанд.

Ба тавсияи олимони соҳаи боғпарварӣ, пайванд барои нигоҳ доштани хусусияти навъии растаниҳои бисёрсола, ҷавон намудани дарахте, ки ба шароити обу ҳавои маҳал мувофиқ аст ё ба ҳосил овардани меваи хушсифат аз ниҳоли пешина аҳамия­ти калон дорад. Инчунин пайванд намудан барои қувват додани сабзиш ё суст кардани он, тезонидани гулу меваи ниҳол ва ғайра мусоид мебошад. Пайванд намудани дарахтон дар ҳар минтақаи Тоҷикистон асосан вобаста ба шароити обу ҳаво гузаронида мешавад.

Муғҷапайванд, пӯстпайванд ё баргпайванд яке аз усулҳои маъмули пайванд буда, дар ниҳолхонаҳо acocaн барои зиёд кардани кӯчати дарахтони мевадор ва баъзе растаниҳои ороишӣ истифода мешавад.

Ҳангоми муғҷапайванд навда кам сарф шуда, кори он назар ба навъҳои дига­ри пайванд осонтар аст. Инчунин ба воситаи он ниҳол тез сабзида, умри бисёр мебинад. Ба­рои муғҷапайванд ниҳоли дусола ва баъзан навъи тезсабзи ниҳоли яксолаи ғафсиаш 6—10 миллиметрро интихоб менамоянд. Муғчаҳои калонро ба нав­даи ғафс ва хурдашро ба навдаи борик пайваст мекунанд. Қаламчаҳоро барои муғҷапайванд аз тарафи офтобрӯяи дарахт гириф­та, нӯги онро, ки муғҷааш суст инкишоф ёфтааст, зуд мебуранд. Дар фасли баҳор барои он ки навдаҳои пайвандӣ аз шамол нашикананд, онҳоро бо порчаи матоъ мебанданд.

Яке аз маъмултарин намуди пайванди дарахтон ин қаламчапайванд мебошад. Қаламчапайванд асосан дар боғдорӣ бо мақсади рӯёнидани навъҳои беҳтари буттаю дарахтони мевадор гузаронида меша­вад. Навдаҳоро барои қаламчапайванд тирамоҳ- пеш аз оғози хунукӣ тайёр менамоянд ва то вақти пайванд он­ҳоро дар ҷойҳои салқин- дар peг ё дар хоки нам нигоҳ медоранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қаламчапайванд аз навдаҳое, ки баҳорон пеш аз бедоршавии муғҷа тайёр намудаанд, хеле самарабахш аст.

Имрӯз дар байни боғпарварони мо исканапайванд низ маъмул мебошад. Ин навъи пайванд дар вақти такроран пайванд кардани дарахтони мевадор ба кор бурда меша­вад. Зеро решаи он пурқувват буда, аз он ниҳоли нав месабзонанд. Ин гуна дарахт дар оянда ба тағйирёбии иқлим мутобиқ мебошад.

Дар байни боғпарварон навъҳои гуногуни пайванд гузаронида мешавад. Омили асосии пайванди дарахтон чунин аст- ба дарахте, ки ба ин минтақа мувофиқ аст, аммо ҳосили хуб намедиҳад, навдаҳои дарахти ҳосили хуб доштаро пайванд менамоянд, то дар оянда меваи хуб ва босифат ҷамъоварӣ гардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2025 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид