Муколамаи коршиносон оид ба тамоюл ва дурнамои муосири «Осиёи Марказӣ+Ҷопон» доир гардид

Март 7, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар шаҳри Остонаи Қазоқистон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ + Ҷопон: тамоюл ва дурнамои муосир» муколамаи коршиносон баргузор гардид, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ба тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар медиҳад.

Дар рӯзномаи чорабинӣ самтҳои дурнамои ҳамкорӣ дар доираи қолаби Осиёи Марказӣ + Ҷопон баррасӣ шуда, дар он намояндагони доираҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва роҳбарону коршиносони марказҳои илмӣ-таҳлилии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар мавзуи «Қолаби «Осиёи Марказӣ+Ҷопон»-гарави муваффақияти иқтисодӣ ва муколамаи созандаи минтақавӣ» маъруза намуд. Гуфта шуд, ки «муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон» ҳамчун минбари муҳими ҳамкории мо хизмат менамояд. Ҷалби сармоягузории ҷопонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ боқӣ мемонад. Илова бар ин, ҳамкорӣ бо Ҷопон дар бахши энергетика ва технологияҳои «сабз» аҳамияти стратегӣ пайдо менамояд».

Амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисоди «сабз» ва рақамӣ, идораи захираҳои обӣ ва энергетика, таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак бо истифодаи технологияҳои пешрафтаи Ҷопон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад содироти маҳсулоти экологии тозаи Тоҷикистонро афзоиш дода, марказҳои логистикиро ташаккул диҳад. Ин раванд ба ҳалли мушкилоти экологӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ мусоидат менамояд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ хеле муҳим аст.

Ҳамзамон Хайриддин Усмонзода бо ишора ба масъалаҳои маориф ва илм иброз намуд, ки «бо назардошти дурнамои рушд ҳамкорӣ дар соҳаи маориф метавонад тавассути афзоиши квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои пешрафтаи Ҷопон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи устодон ва мутахассисон густариш ёбад. Мо ҳамчун маркази таҳқиқотӣ-илмӣ барои ҳамкории ҳамаҷониба дар ин самт омода ҳастем. Илова бар ин, барномаҳои таълимӣ ва ташаббусҳои стипендиявии Ҷопон барои ҷавонони тоҷик имконоти нав мекушоянд. Ин дар дурнамои дарозмуддат ба таҳкими иқтидори кадрии мамлакат мусоидат менамояд».

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид