Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо гурӯҳи мушоҳидони байналмиллалӣ аз СААД мулоқот намуд

Март 1, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 01.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо гурӯҳи мушоҳидони байналмиллалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) вохурӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози мулоқот барои саҳми СААД дар таъмини суботу амният дар минтақа изҳори сипос баён гардида, дар бораи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва иштироки он дар интихобот маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд.

Зимни мулоқот мушоҳидони байналмиллалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба суолҳои худ посухҳои муносиб гирифтанд.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти байналмилалӣ-минтақавӣ буда, соли 2002 дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (15 майи соли 1992) таъсис дода шудааст.

Давлатҳои аъзои СААД Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Созмон дар асоси эҳтироми истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои кишварҳои узв, дахолат накардан ба корҳои дохилие, ки ба салоҳияти қонунгузории миллии кишварҳои аъзо вобаста аст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Бо итминон изҳор гардид, ки иштироки ҳайати мушоҳидони Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2 марти соли равон баргузор хоҳад гардид, бидуни ягон шак, ба таъмини принсипи ошкорбаёнӣ, шаффофияти ҷараёни омодагӣ ва баргузории он мусоидат мекунад.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон 

Март 1, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати мушоҳидони байналмиллалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Қоидаи овоздиҳӣ дар интихобот чӣ гуна аст?
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Ҳайати мушоҳидони ИДМ бо омодагии ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ дар шаҳри Ҳисор шинос гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар шаҳри Хуҷанд оид ба омодагӣ ба интихобот машварат доир гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омад
«МАН БА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУДАМ ОВОЗ МЕДИҲАМ!». Дар Ҳисор иқдоми таблиғотии пешазинтихоботӣ доир шуд
«РӮЗИ ИНТИХОБКУНАНДАИ ҶАВОН». Бо гурӯҳи ҷавононе, ки нахустин маротиба дар интихобот иштирок менамоянд, вохӯрӣ доир шуд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 70 ҳавза ва 250 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст
Раванди интихоботро 157 нафар мушоҳидон аз миссияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назорат менамоянд
Дар шаҳри Ҳисор номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба интихобкунандагон муаррифӣ карда шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар рӯзи интихобот бояд кадом ҳуҷҷатро бо худ дошт?