НАВРӮЗ — БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳон бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои тоҷикон бештар шинос мегарданд

ДУШАНБЕ, 23.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯз бо хусусияти хоси худ яке аз брендҳои муҳими сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик ин иди байналмилалӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар доираи он сайёҳон бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд.
Дар ин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиби арзишҳои созандаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, баргузории фестивали ҳунарҳои мардумӣ, оину бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳо ва намоиши либоси миллӣ аз ҷумлаи имконоте мебошанд, ки Наврӯзро ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз маросими писандидаи ҷаҳониён буда, бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Он бо хусусиятҳои писандидааш, ки некию накукорӣ, хуррамию хушҳолӣ, шодмонию нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам аст.
Оину суннатҳои наврӯзӣ манзалату арзиши Наврӯзи бостониро дучанд намуда, ҷилои тоза мебахшанд. Ин оину суннатҳо ифодагари тамоми паҳлуҳои ҳаёту зиндагии мардуми мо маҳсуб мешаванд. Ҳамоишҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишии марбут ба Наврӯз дар баробари ҳамоишҳои мухталифи ҷаҳонӣ, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳон дар онҳо иштирок менамоянд, метавонанд заминаи хуби рушди сайёҳӣ дар мамлакат бошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон дар идҳои миллии мамлакатҳои гуногун, аз қабили Патрикаи муқаддас дар Лондон (Британияи Кабир), Ҷашнвораи фарҳангҳо дар Берлин (Олмон), Шоу Romanza – ид дар болои ях дар Вена (Австрия), Иди Лас Файяс дар Валенсия (Испания), Муҳорибаи афлесунҳо дар Иврея (Италия), Карнавал дар Рио-де-Жанейро (Бразилия), Фестивали гулҳо дар Багио (Филиппин) иштирок намуда, ба ин васила бо анъанаву фарҳанги сокинони ин мамлакатҳо шинос мешаванд.
Ба Тоҷикистон низ сайёҳони хориҷӣ зиёд меоянд, хусусан дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар доираи он ҳамоишҳои байналмилалӣ ташкил мегарданд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 ба Тоҷикистон 1 миллиону 400 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ворид гардиданд.
Сайёҳон хусусан дар Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо аз хӯрокҳои миллии халқи тоҷик тановул намуда, бо анъанаҳои миллати тоҷик шинос мегарданд, дар баробари ин аз маҳсули даст ва армуғонҳои ҳунармандони тоҷик харидорӣ менамоянд, ки ба пешрафти соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд.
Бо назардошти ин ширкатҳои сайёҳии ватаниро мебояд дар мавриди ташкили хатсайрҳои туристии идона дар мавсими баргузории ҳамоишҳо бахшида ба Наврӯз тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар ин замина коршиносони соҳаи сайёҳӣ иброз медоранд, ки барои пешниҳоди Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ дар бозори туристии ҷаҳонӣ зарурати барномарезии ягонаи умумимиллии таҷлил аз Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ба миён омадааст. Зеро Наврӯз дар баробари дигар ҷашну маросими миллии мардуми тоҷик пули устувори робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкорӣ байни халқу миллатҳои сайёра мебошад.
Инчунин коршиносони соҳа бар он назаранд, ки Наврӯз бо арзишҳои рушди устувор тавъам аст, зеро он паёми тозагӣ, эҳёи табиат ва эҳтиром ба муҳити зистро таблиғ менамояд. Ин ҷашнро метавон ҳамчун бренди «сабз» барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ истифода бурд, зеро он идеяҳои экология ва муносибати эҳтиёткорона бо табиатро ташвиқ менамояд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз на танҳо иди қадимӣ, балки василаи тавонои муаррифии фарҳанг, рушди сайёҳӣ, тақвияти иқтисоди миллӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн ҳамчун рамзи ифтихор ва ҳувияти миллӣ мавқеи устувор пайдо намуда, дар ташаккули бренди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»