Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон таҷлил гардид

Март 28, 2025 15:20

ШАҲРИНАВ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо иштироки меҳмонони дӯсту бародар аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон пуршукуҳ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Зимни тантанаҳои Наврӯзи оламафрӯз меҳмонон- роҳбарияти мақомоти вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон ин ҷашни пайвандгари миллатҳо ва тақвиятдиҳандаи равобити дӯстию бародарии халқҳои тоҷику узбекро ба мардуми сарбаланди тоҷик шодбош гуфтанд.

Дар чорабиниҳои тантанавии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  хони густурдаи наврӯзӣ, урфу одат, анъана, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳафтсину ҳафтшин, суманак, ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, ресандагӣ ва амсоли инҳо, ки анъанаҳои наврӯзӣ маҳсуб мешаванд, ба маърази намоиш гузошта шуда, меҳмонону сокинон онҳоро тамошо намуданд.

Меҳмонон аз ҳавои тантана ва барномаҳои наврӯзӣ ба ваҷд омада,  кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯзи дилафрӯз табрик гуфта, ба хонадони онҳо ризқу рӯзии фаровон, сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва бахту саодати рӯзгори ободро таманно намуданд.

Ба  муносибати фаро расидани ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонафрӯз  ҳамчунин ба  кишварҳои ҳавзаи Наврӯз шукуфоӣ ва Наврӯзи ҷовидон, бахту саодат ва сулҳу субот, инчунин рӯзгори босаодат, иқболи баланд ва зиндагии пурнишот таманно карда шуд.

Меҳмонон зимни барномаҳои тантанавии наврӯзӣ маконҳои таърихию сайёҳии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринавро тамошо намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав

Март 28, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад