Ғолибони озмуни «Беҳтарин расми модар ва духтар бо либоси миллӣ» қадрдонӣ гардиданд

Март 8, 2025 09:22

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар вилояти Хатлон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни «Беҳтарин расми модар ва духтар бо либоси миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Тавре иброз гардид, дар озмун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар озмуни «Беҳтарин расми модар ва духтар бо либоси миллӣ» ҷойи якумро Саодат Абдулҳакимзода бо духтараш аз шаҳри Кӯлоб соҳиб шуда, бо Диплом, 10 000 сомонӣ ва телевизор қадрдонӣ гардид.

Ҷойи дуюмро Фархундахон Ахунова бо духтари хурдсолаш аз шаҳри Душанбе ва Сумани Садрӣ бо духтар ва хушдоманаш аз шаҳри Панҷакент сазовор гардида, бо Диплом, 5000 сомонӣ ва телевизор сарфароз гардонида шуданд.

Ҷойи сеюми озмунро 3 иштирокчӣ- Саида Ғиёсова бо духтараш аз ноҳияи Роштқалъа, Рухшонаи Шералӣ бо духтараш аз шаҳри Бохтар ва Моҳбону Шукурова бо духтараш аз шаҳри Бӯстон ишғол намуданд. Онҳо бо Диплом, 3000 сомонӣ ва 1-ададӣ телевизор қадршиносӣ карда шуданд.

Инчунин якчанд расми ирсолнамудаи иштирокчиён ба номинатсияи «Беҳтарин расмҳои озмунӣ» интихоб гардида, бо Сипоснома, 2000 ҳазор сомонӣ ва 1-ададӣ телевизор қадрдонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни  «Беҳтарин расми модар ва духтар бо либоси миллӣ» бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тамаддунофари тоҷик, суннатҳои ниёгон ва расму оинҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанг, таҷассумгари таърих, тамаддун ва ҳунари миллӣ, рамзи ҳувият ва оини миллӣ будани он, ҳамчунин бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар аз ҷониби Шурои занони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар вилояти Хатлон гузаронида шуд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Март 8, 2025 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «13 ҳазор нафар духтарони тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Муъминобод Рӯзи Модар хотирмон таҷлил гардид
Зан – Модар сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва нуру зиёи зиндагӣ аст
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Рӯзи Модарро дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил намуданд
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид
«БИБИҶОНАМ МЕОЯД…». Дар Рӯзи Модар аз модаркалонҳои меҳрубону афсонагӯ ёд меорем
Нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят арзишманд аст
Занону модарони тоҷик тақдирсоз ва таърихсоз мебошанд