Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд

ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 масъалаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади рушду инкишофи ин ё он соҳа таҳия ва қабул шудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ масъалагузорӣ гардид.
Зимнан, бояд хотирнишон сохт, ки барои иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ҳар сол аз ҷониби Сарвари давлат санади дахлдор қабул карда мешавад. Масалан, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 иброз гардидаанд, тасдиқ карда шуд, ки он фарогири 70 банд мебошад.
Мувофиқи ин амр роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки чорабиниҳои дар нақша пешбинигардидаро сари вақт ва сифатнок иҷро намоянд.
Бо назардошти аҳамияти басе муҳим доштани Паёми Президенти мамлакат дар ҳаёти ҷомеа хуб мешуд, ки Нақшаи чорабиниҳои гуфташуда дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шаванд, ки ба ин васила шаҳрвандони мамлакат оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гуфта шудаанд, иттилоъ пайдо менамоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки чунин таҷриба дар кишварҳои дигар ҷой дорад. Чунончи, Президенти Федератсияи Русия 30 марти соли 2024 Номгӯйи вазифаҳоро оид ба амалӣ намудани Паёми Президенти Федератсияи Русия ба Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз 29 феврали соли 2024 тасдиқ кард, ки он фарогири 165 банд мебошад ва дар сомонаи расмии Президенти Федератсияи Русия ҷойгир карда шуда, дастраси умум гардидааст.
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025 мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 гуфта шудаанд, қабул менамоянд. Масалан, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Нақшаи чорабиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 иброз гардидаанд, 21 январи соли 2025 тасдиқ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба масъалаҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия иброз доштанд, ки «Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст». Бинобар ин, ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки дар панҷсолаи минбаъда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гардид, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Бобати иҷрои ин пешниҳод фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025 – 2030» аз 8 январи соли 2025 қабул гардид.
Тибқи ин фармон, Ҳукумати мамлакат муваззаф шуд, ки дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ва бархурдор намудани соҳибкорон аз имтиёзҳо пайваста тадбирҳои муассир меандешанд.
Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур шумориданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад. Илова бар ин, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки «дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуфташуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойи кор ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад».
Дар натиҷа фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз 10 январи соли 2025 ба тасвиб расид. Фармони мазкур аз 2 банд иборат буда, мувофиқи банди 1-и он ба ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон гардид. Ҳамчунин тибқи банди 2 фармон Ҳукумати мамлакат вазифадор шуд, ки дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешниҳод намояд.
Ҳамин тавр, Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷа Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тибқи тартиби муқарраргардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»-ро 31 январи соли 2025 баррасӣ ва қабул намуда, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ онро 3 феврали соли 2025 ҷонибдорӣ намуд. Қонуни мазкур 11 феврали соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуд.
Қонун аз 9 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) муайян карда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.
Дар қонун мафҳумҳои мораторий ба санҷишҳо, субъектҳои соҳибкорӣ, санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, давраи мораторий ба санҷишҳо, мақомоти ваколатдори давлатии назоратию санҷишӣ ва дигар мафҳумҳо шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Чунончи, дар моддаи 1 он мафҳуми мораторий ба санҷишҳо бо мазмуни зерин шарҳ дода шудааст: «Мораторий ба санҷишҳо – муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ».
Дар ин қонун масъалаҳои боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истисноҳо дар татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо, ҳалли баҳсҳо ва масоили дигари марбут ба он танзим шудаанд.
Барои иҷрои талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳким бахшидани иқтидори саноатӣ ва содиротии мамлакат, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳамсозии фазои мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ солҳои 2008, 2011, 2018, 2022 ва инак соли 2025 дар ҷумҳурӣ 5 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон гардид.
Дар маҷмуъ, чунин иқдом муҳим ва саривақтӣ буда, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд.
Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳадафҳои стратегии давлат таҳлилу баррасӣ мешаванд. Масалан, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат мужда доданд, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар мамлакат пурра бартараф шуда, Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад. Дар ин замина, зарур дониста шуд, ки соли 2025 лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад. Чунончи, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад.
Президенти мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар соҳаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз ва нафақаҳо 10 фоиз зиёд гардида, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 8 феврали соли 2025 қабул карда шуд.
Дар асоси банди 1-и ин фармон аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 дарсад, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда мешавад.
Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд гардида, 744 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳамзамон андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1345 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1255 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии ин мақомот 1390 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд гардида, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 дарсад зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.
Маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд мегардад. Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1668 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1500 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Инчунин андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1500 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Мувофиқи банди 2 ин фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки амалишавии онро соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ таъмин карда, дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба ин фармон мутобиқ намоянд.
Тадбирҳои андешидашуда дар самти таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар шароити муосир муҳим буда, дар беҳтар шудани шароити зиндагонии шаҳрвандони мамлакат, бахусус хизматчиёни давлатӣ ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳоло 5 санад, яъне 1 қонун, 3 фармон ва 1 амр таҳия ва қабул гардид, ки 4 адади он санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 1 адад санади ҳуқуқӣ мебошад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар таҳия ва қабул карда шаванд.
Ҳамин тавр, аз таҳлили анҷомпазируфта метавон хулоса намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва рушду инкишофи қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»