Пешвои миллат дар бораи Иди байналмилалии Наврӯз: «Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст»

Март 28, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаккули давлати соҳибистиқлол ва рушду нумуи он бе такомули шахсият – омили ҷамъият ва дар иттиҳод бо дигар аъзои ҷомеа манбаи асосии ҳокимияти давлатӣ имконнопазир аст. Ин фикрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қолаби ҷумлаи пурмуҳтавое фаро гирифта, гуфтаанд: «Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад».

Роҳу усули муайян намудани меъёрҳои худшиносии миллӣ дар фаъолияти пурсамар ва ибтикороти доманадори Сарвари давлат мавқеи хосса дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи густариш бахшидани худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии давлатдорӣ қарор дода, бо роҳи омӯзиш ва таҳқиқи сабабҳо ва омилҳои рукуди ин шакли тафаккури ҷамъиятӣ фикру ақидаҳои пурарзиш баён намудаанд.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар онанд, ки худшиносии миллӣ тарбиятпазир буда, бо роҳи таълиму парвариши нек ва бо бедор намудани эҳсоси ифтихори таърихӣ ва ғурури солими миллӣ ба он суръат бахшидан мумкин аст.

Пешвои миллат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод менамоянд ва нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷиааш ба талошу муборизаҳо барои истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Таъкид менамоянд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Нуктаи маълум ин аст, ки дар ҷамъияти инсонӣ афроди ҷомеа дар зинаи баробари такомули иҷтимоӣ қарор надоранд. Ин гуногунии мафкуравӣ вобаста ба шароити таърихӣ ва равандҳои сиёсию иҷтимоии сохтори ҷамъиятиест, ки одамон ба он дохил ҳастанд. Масалан, дар даврони гузашта, то он замоне, ки усули фаъолияти дастҷамъие, чун демократия мавҷуд набуд, ҳадди аксари аҳли ҷамъият нисбат ба давлат ва сиёсат бетафовут буданд. Бадеҳист, ки тағйир ёфтани меъёрҳо ва арзишҳои нави давлатдорӣ ба якборагӣ дар мафкураи одамон роҳ намеёбад.

Бо назардошти чунин воқеият, ки аз ҳақиқати раднопазири зиндагии ҷомеа аст, Сарвари давлат ба сатҳи зарурӣ бардоштани тафаккури худшиносӣ ва ташаккули инсони фаъоли шоистаи давлатдории навинро нахуст ба дӯши давлат ва сипас, ба зиммаи равшанфикрони миллат, онҳое, ки бештар баёнгари ормонҳои милливу фарҳангӣ ҳастанд, мегузоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  итминони қавӣ доранд, ки зиёиён метавонанд идеяи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой намуда, халқро барои якдигарфаҳмӣ омода созанд.

Тазаккури ин нукта зарур аст, ки дар таълимоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон категорияҳои «ваҳдати миллӣ» ва «худшиносии миллӣ» маънои тавъам доранд, зеро иттиҳоди одамон фақат дар заминаи огоҳӣ аз мавқею мақоми шахсият ва дарки умумияти нажодиву фарҳангӣ ва таърихиву иҷтимоӣ ба амал меояд. Инсон омили ҷараёни таърих аст ва таърих вақти муҷассами рушди ҷомеаи инсонӣ аст. Давронҳои гузаштаро вақте таърих меноманд, ки аз он давронҳо осори моддию маънавӣ ба ёдгор мондааст, ки барои тамаддуни баъдина ба унвони замина арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз инсон фақат андаруни ҷомеа, ки барои рафъи ниёзҳои ҷисмонӣ ва руҳонии худ неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ба вуҷуд меоварад, метавонад шахсият бошад.

Барои халқи тоҷик, ки иттиҳоди иҷтимоияш аз давронҳои дури таърихӣ сарчашма мегирад, густариш додани тафаккури умумияти таърихиву фарҳангӣ ва ирқиву нажодӣ аз масъалаҳои сифатӣ аст. Яъне пешорӯйи равшанфикрони миллат на ин ки масъалаи ба вуҷуд овардани эҳсоси ҳамбастагии афроди ҷомеа, балки густариш додан ва таҳким бахшидани ваҳдати иҷтимоӣ ва ба шакли нав даровардани худшиносии миллӣ қарор дорад.

Ба шакли нав даровардани худшиносӣ тақозои шароити нави таърихист, ки аз моҳияту мундариҷаи Истиқлол бармеояд. То ин даврон, ки худшиносӣ бештар дарки ҳамбастагии ирқиву нажодӣ буд, акнун бояд, ки моҳият ва маънои сиёсиро низ касб кунад. Яъне шахсият худро на танҳо омили ҷамъияти этникӣ, балки  ҳамчун ҷузъи фаъоли омили сиёсӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ бишносад.

Дар парвариш додани тафаккури сифатан нави худшиносӣ, ки маънои мутобиқат кунонидан ба арзишҳои солими тамаддуни имрӯзро дорад, омили таърихиву фарҳангӣ нақши муайянкунанда дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин нукта гуфтаанд: «Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст. Мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта ҳамчун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав, ваҳдати ҷумлаи тоҷикон ва тамоми халқи Тоҷикистон эҳтиром мегузорем».

Дар пайвастагӣ бо ин андешаи баланд афзудани ин нукта зарур  аст, ки «мероси гузашта» ва «тафаккури таърихӣ» бо халқе иртибот дорад, ки бархурдор аз пешинаи боифтихор ва собиқаи бошукуҳи илмиву фарҳангӣ ва маънавию ахлоқӣ аст. Маҳз ҳамин заминаҳои боэътимоди таърихиву фарҳангӣ ва маънавию ахлоқиро Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун меъёрҳо ва омилҳои густариш ва таҷаддуди худшиносии миллӣ муайян намудаанд.

Таҷлили идҳои миллӣ ва ҷашнҳои бузургдошти ниёгони шуҳратманди тоҷик низ аз омилҳое ҳастанд, ки метавонанд, пеш аз ҳама, бо маънову муҳтавояшон ба густариш ва такомули эҳсоси умумияти милливу нажодӣ мусоидат намоянд. Фазои тантанаву шодӣ ба ҳастии иҷтимоии шахсият таъсири муъҷизаосо дорад. Зеро ҳамагон дар атрофи як ҳодиса, як чиз ва ё як шахсият фароҳам меоянд, ки ба ҳар кас ва ба ҳама тааллуқ дорад.

Дар рӯзгори даврони шуравӣ, дар солҳои ҳафтодум эҳё гардидани таҷлили ҷашни Наврӯз аз хурсандибахштарин рӯйдодҳои фарҳангӣ буд ва дар он солҳои ташнагиҳои шадид ба идҳои миллӣ чун оби ҷонбахш ба дашти лабташнаи маънавиёти халқ равон шуд. Ва, бешубҳа, яке аз омилҳои такондиҳанда ба шинохти миллӣ ва дарки асолати таърихӣ гардид.

Шароити истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бахусус буҳрони маънавие, ки дар оғози истиқлолият ба амал омад ва  нишонаҳояш дар ҷомеа дер боз ба мушоҳида мерасиданд, тақозо менамояд, ки маъно ва муҳтавои расму ойинҳои миллиро дар баробари рангин гардонидани зиндагии маънавӣ дар роҳи шинохти миллӣ чун идроки умумияти таърихиву фарҳангӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва халқҳои Тоҷикистон истифода намоем.

Аҳамияти расму ойинро ҳамчун сарчашмаи муҳим барои тарбият намудани руҳияи ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва густариш додани худшиносӣ ба назар гирифта, Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон месозанд, ки «миллате, ки бо анъанаҳо ва ойинҳои миллии хеш ифтихор надорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад».

Президенти мамлакат таъкид менамоянд, ки «мо вазифадор ҳастем, ки пеш аз ҳама, боигариҳои маънавии қадимаи халқамонро ҳамчун манбаи нодиру гаронбаҳо дар тарбияи ҷавонон истифода барем».

Бузургтарин иде, ки роҳи дуру дарози таърихиро паймуда, то ба рӯзгори мо расидааст, иди Наврӯз мебошад. Президенти ҷумҳурӣ бобати бақои ин ҷашни бостонӣ андешида, мегӯянд: «Биёед, як лаҳза биандешем, ки чаро Наврӯз – ин ойини бостон — аз қаъри асрҳо гузашта, то ба замони мо омада расид? Умуман, ин иди деҳқон, иди киштукор ва меҳнат аст. Наврӯз оғози бедории табиат, оғози нафаси гарми хок асту мардумро ба иҷрои корҳои муфид ва созанда ташвиқ мекунад.

Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури гузаштагони бузурги мост ва маҳз ҳамин категорияҳои ахлоқию фалсафиро, ки ҷомеаи мо имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад.

Ин иди мубораки бостониро чун ойини ниёгон бояд ба таври сазовор ҷашн гирем. Зеро бо таҷлили он дар шуури насли наврас ҳисси ватанпарастӣ, меҳри заҳмати ҳалол ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмию созандагӣ ҷой мегирад».

Зафар САЙИДЗОДА,
мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои таърих

 АКС: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАЛИКАИ ТАБИАТ». Моҳи апрел дашту теппаҳои Тоҷикистон лолапӯш мешаванд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд
Дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари ҷашну анъанаҳои миллии тоҷикон» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот намуданд
ЧУН ДУШАНБЕ МАН НАДИДАМ САБЗШАҲРЕ ДАР ҶАҲОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва
Дар вилояти Суғд бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон ва Қирғизистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Дар мақомоти гумрук Наврӯзро бо оростани суфраи идона ва мусобиқаҳои варзишӣ истиқбол намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дуруст интихоб намудани касб чӣ бояд кард?
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон таҷлил гардид
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» ҷашни ҷаҳонии Наврӯзро таҷлил намуданд