Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд

Март 6, 2025 10:22

ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон мақоми Зан-Модар дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Муносибати ҳар шахс нисбат ба модар, хоҳар ва умуман зан- нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намудаанд, ки «Зан–Модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад». Вақте Президенти Тоҷикистон ба Зан-Модар чунин баҳои баланд дода бошанд, пас ҳамагонро месазад эҳтироми ин олиҳаи муҳаббату латофатро ба ҷо биоваранд.

Вақте сухан дар бораи муқаддасоте, ба мисли Ватан-Модар меравад, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин ду арзиши барои ҳар тоҷик воло бо самимияти хос ва эҳсосоти ба дигарон таъсирбахш сухан мегӯянд. Фикр мекунем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватанпарастиро аз Модари бузургашон омӯхтаанду мерос гирифтаанд ва ба фарзандони худ мерос мегузоранд. Ватанро ҳамчун Модар дӯст доштану Модарро ҳамчун Ватан иззату эҳтиром намудан — ин аст тоҷиквор дӯст доштани мамлакат, ки намунаи онро дар фаъолияти шабонарӯзии Пешвои миллат мебинем.

Агар ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ рӯ биоварем, мебинем, ки модарону занони мо на танҳо паҳлавонҳо ба дунё меоварданд, балки худ дар ҳолати зарурӣ ба мисли Гурдофарид ба дифои давлату сарзаминҳояшон мебаромаданд.

Тоҷикзанон дар ҳама давру замон соҳиби ифтихор, иффат, поквиҷдонӣ, шуҷоат ва меҳру садоқат будаанд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳазорон Гурдофаридон дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқ фаъолият доранд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки стереотипҳои кӯҳна ва ғайриинсонии диниро дар бораи занони ҷомеаи муосири тоҷик шикаст додаанд.

Мувофиқи ақидаҳои ғайриинсонии мутаассибони динӣ, вазифаи зан аз таваллуди фарзанд ва кадбону будан иборат аст. Ҳамчунин мувофиқи ақидаи экстремистони динӣ таҳсил кардан, фаъолият намудан дар корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ кардан барои занони тоҷик манъ аст. Ба сифати далел мутаассибони динӣ афкори догматикии асримиёнагиро мисол меоваранд. Экстремистони динӣ, яъне меъморони давлати динмеҳвар бо такя ба ақидаҳои ифротии динӣ дар ҳамаи давру замон ба зан ҳамчун шахси дуюмдараҷа муносибат мекунанд, бехабар аз он ки муносибат намудан ба занон ҳамчун шахси дуюмдараҷа, ба занон надодани имконияти таҳсил ва фаъолият, интихоби ҳамсар, интихоби касб ва ҳатто интихоби либос- ин ҳама ба нестӣ бурдани миллат аст. Танҳо миллатҳое, ки ба модар ва занони худ ҳамчун ба муқаддасоти миллӣ муносибат менамоянд, ба назари мо, соҳиби саодати комил хоҳанд буд.

Саломати зан, ҳолати равонӣ ва ҷисмонии ӯ инъикосгари саломатӣ ва ҳолати равонии тамоми миллат аст. Танҳо модар ва зани хушбахт метавонад насли солимро барои миллати худ ба дунё биоварад. Модарон ва занони тоҷик бо хизмати ҳаррӯзаи худ барои хушбахтии оила, таваллуд ва тарбияи фарзанд ва саҳмашон дар таҳкими соҳибистиқлолии давлат сазовори он ҳастанд, ки дар мамлакат ҷойгоҳи баланд дошта бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишҳои худро ба он равона намудаанд, ки барои занони тоҷик дилхоҳ шароитро барои таҳсил ва фаъолияти меҳнатӣ фароҳам оваранд. Бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ якчанд стратегияю барномаҳои давлатӣ қабул гашта, барои фаъолияти занон имконияти васеъ фароҳам оварда шуд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ — маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Имрӯз ин ду соҳаи муҳим, ки барои тавлиди сармояи инсонӣ масъуланд, бо иқтидори занону духтарони тоҷик фаъолияти пурсамар доранд.

Президенти Тоҷикистон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

Рустам ҲАЙДАРЗОДА,
директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2025 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад