Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни сафари давлатӣ ҳосилшуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод баррасӣ гардид.
Доир ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика ва сармоягузорӣ табодули муфассали афкор сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус ба масоили таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат, ташкили намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар миёни минтақаҳо, бахусус маҳалҳои наздисарҳадӣ зоҳир карда шуд. Ба мавзӯи барқарорсозии хайтсайрҳои ҳавоии мусофиркашонӣ миёни шаҳрҳои ду кишвар диққати махсус дода шуд.
Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш аз масъалаҳои дигари суҳбат буд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






