Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ ва прокуратура таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Март 4, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти судӣ ва прокуратура ба вазифаҳои судя, муовин ва раисони судҳои як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ва сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳо таъйин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳо, раисони суди як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Роҳбари давлат прокурори шаҳри Нораки вилояти Хатлон, прокурори ноҳияи Айнии вилояти Суғд, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон ва сардорони як қатор раёсатҳо ва шуъбаи дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону пуртаҷриба таъин карда шуданд.

Аксари онҳое, ки имрӯз дар мақомоти судӣ ва прокуратура таъин шуданд, кадрҳои ҷавону корозмуда мебошанд. Бояд гуфт, ки дар мақомоти судӣ бонувону духтароне, ки парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ба вазифаҳои пурмасъули мақомоти судӣ таъин шуданд.

Аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 65 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди мақомоти судӣ, амалисозии барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории соҳа ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ ва прокуратура бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд.

Президенти кишвар барои ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар назди кадрҳои навтаъиншуда вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ба роҳбарони масъули соҳаҳо супориш дода шуд, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти судӣ ва прокуратураро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва забономӯзӣ ҳидоят намуданд. Бояд гуфт, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, ба судяҳо ду сол муҳлат дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат судяҳо ва кормандони мақомоти прокуратураро ба фаъолияти содиқонаю софдилона дар роҳи хизмат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, риояи фарҳанги волои муомилаю муошират ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ раҳнамун карданд.

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва прокуратура 04.03.2025

Март 4, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд